Дар Тоҷикистон ду довари бозӣ муҷозот шуданд: сабаб

© ФФТСудья, архивное фото
Судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Федератсияи футболи Тоҷикистон ду доварро барои иштибошаҳон дар ҳакамӣ муҷозот кардааст
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар довар ва ёвари аввали доварони бозии даври бистуми чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ аз доварӣ маҳрум карда шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ҳамин тавр, ҳангоми доварии бозии дастаҳои "Куктош" ва "Истаравшан", ки рӯзи 22 сентябр дар Рӯдакӣ баргузор шуд ва бо ҳисоби 2: 1 анҷом ёфт, доварон ба иштибоҳ роҳ додаанд.
"Бо қарори кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, сар довар ва ёвари аввали довари бозӣ аз доварӣ маҳрум карда шуданд", - омадааст дар хабари Федератсия.
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон шикояти тими "Истаравшан" - ро дар бораи голи ҳисобнашудаи даста ба дарвозаи "Куктош" баррасӣ кард.
Пас аз тамошои видеои ин вохӯрӣ маълум шуд, ки доварон Насим Ҳамидов ва ёвари аввали ӯ Комил Раҳмонов дар дақиқаи 77 -ум иштибоҳан голи дурусти задаи “Истаравшан” -ро ба дарвозаи “Куктош” бекор карданд, ки дар ниҳоят ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд.
Бар асоси ин, барои вайрон кардани кодекси интизомии довар, кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки иштироки Комил Раҳмоновро барои се давра ва сардовар Насим Ҳамидовро барои ду давра аз хидматрасонии ҳамаи бозиҳо таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон хориҷ кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала