Бердимуҳаммадов гуфт, китоби нав навиштааст

© Sputnik / Владимир Родионов / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Туркменистан Гурбангулы Бердымухаммедов
Президент Туркменистан Гурбангулы Бердымухаммедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон китоби навашро муаррифӣ кардааст. Теъдоди умумии китобҳояш беш аз 60 адад арзёбӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Китоби нави раисҷумҳури Туркманистон, "Истиқлол - ин хушбахтист" ном дорад, хабар додаст нашрияи русзабони "Нейтральный Туркменистан".
Бердимуҳаммадов дар бораи китоби наваш зимни ҷаласаи Шӯрои мардумӣ, палатаи болоии парлумони Туркманистон, ки худ роҳбари он аст, иттилоъ додаст.
"Роҳбари Туркманистон дар хитоб ба ҳозирин хабар дод, ки навиштани асари ҷадидашро ба анҷом расонда, онро "Garaşsyzlyk – bagtymyz" - "Истиқлол - ин хушбахтист", ном гузошт", - навиштааст нашрия.
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Дипломатҳои туркман хабари дар кома будани Бердимуҳаммадовро шарҳ доданд
Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркманистон, дар калимаи Истиқлол маънои бузурге нуҳуфта аст, ки орзую ормони гузаштагону ояндаи бузурги сарзаминашро фаро мегирад.
"Дар китоб дурнамои расидан ба ҳадафҳои бузург мавриди таҳлил қарор дода шудааст, ки ба ҳамгироии тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шудааст", - таъкид намудаст Бердимуҳаммадов.
Нашри китоби ҷадиди Бердиҳмуҳаммадов дар ҳолест, ки ӯ қаблан китобҳои зиёде дар мавриди таърихи Туркманистон, аспҳо, қолинҳо, мусиқӣ, ғизо, чой, зарбулмасалҳо ва дигар мавзуъҳо навиштааст. Дар китобхонаи электронии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки Вазорати умури хориҷии Туркманистон кушодааст, беш аз 60 китоб зикр шудаанд, ки ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала