Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ихтилофотро бо Амруллоҳ Солеҳ рад кард

© AP / Kamran JebreiliАмрулла Салех
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бархе сарусадо дар мавриди ихтилофот дар сафи роҳбариятро рад кардааст
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон вуҷуди ихтилофро дар сафи муборизони ҷабҳа рад кардааст, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷабҳа бо нашри як изҳорот таъкид кардааст, ки Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон бо муқовимат розӣ асту ҳеч эътирозе надорад. Таъкид шудааст, ки феълан дар ҷабҳаи муқовимат ҳеч ихтилофе мавҷуд нест.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд баъди ғасбкориҳои "Толибон"* дар Афғонистон ташкил шуда, таъкид мекунад, ки алайҳи ин ҳаракати зӯргӯю тамомиятхоҳ барои дифоъ аз арзишҳои инсонию динӣ истиодагарӣ хоҳад кард.
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Наришкин аз зарурати шунидани на танҳо "Толибон"*, балки ҳамаи қавмҳои Афғонистон гуфт
Латифи Пидром, раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон мегӯяд, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар дохили Афғонистон аст.
"Аҳмад Масъуд дар Душанбе нест, вай дар дохили Афғонистон аст ва дар манотиқи мухталиф рафтуомад дорад. Гуфтаҳое пайдо шудааст, ки гӯё ӯ ба Душанбе омадааст, аммо на, чунин чизе нест, ӯ ҳоло ҳам дар дохил аст", - иттилоъ дод ахиран Пидром.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала