Масъуд: Ҷангро таҳмил накардаем, ҳамеша дари музокираро боз гузоштаем

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Обуна шудан
Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, мегӯяд, ҳеч гоҳ ҷангро бар касе таҳмил накардаанду дарро ҳамеша барои музокирот боз гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як изҳорот аз қавли роҳбари ҷабҳаро нашр кардааст, хабар дод Sputnik Афғонистон.
"Мо ба ҳеч кас унвон ҷангро ба касе таҳмил накардаем ва ҳамеша дари музокираро боз гузоштаем. Ин тасмими дигарон буд, ки ҷангро бар мо таҳмил карданд. Пеш баён мекардем, ки ин гуруҳ ҳеч боваре ба ҳуқуқи инсон, хусусан зан ва озодӣ надорад", - изҳор доштааст Аҳмад Масъуд.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан ҳам таъкид шуд, ки "Толибон"* як гуруҳи тамомиятхоҳ аст ва дақиқан баъди қудратгирияш ҳам чунин шуд. Масъуд таъкид кардааст, ки муборизаашон барои арзишҳосст, ки даҳсолаҳо мардуму миллат барои он қурбониҳо додаанд.
Ба иттилои Sputnik Афғонистон, Ҷабҳаи миллии Афғонистон инчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар ин кишвар гуруҳҳои мухталифи террорисӣ фаъол шудаанд.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ихтилофотро бо Амруллоҳ Солеҳ рад кард
Манбаъ афзуд, Аҳмад Масъуд аз тамоми кишварҳое, ки ба мардуми Афғонистон кумак мекунанд, истиқбол хоҳад кард ва таъкид намудааст, ки агар кумаке ҳам ироа нашавад, онҳо ба танҳоӣ муборизаро барои Истиқлоли Афғонистон идома хоҳанд дод.
Вай таъкид кардааст, ки ҳамроҳ бо мардуми мазлуми Афғонистон, ки бар душман гузошта шудаст, дар муқобили ноадолатӣ ва зулм сукут нахоҳем кард.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0