Наришкин аз ҳамкории идораҳои истихборотии минтақа дар мавриди Афғонистон гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Сергей Наришкин, сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия аз ҳамкорӣ бо ҳамтоён аз кишварҳои дигар дар мавриди Афғонистон гуфт
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Наришкин аз омилҳои умедворкунандаро талоши кишварҳои минтақа барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон хонд.
Сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия дар суҳбат бо шабакаи телевизионии RТ, изҳор доштааст, ки эътидоли вазъ дар Афғонистон ва талошҳо барои он аз масоили мубрами кишварҳои минтақа, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон ва Русия мебошад.

"Дар ин масъала ҳамкорӣ миёни хадамоти истихборотӣ хеле муҳим аст. Ва бояд қайд кунам, ки феълан мо амалан бо ҳамаи кишварҳои зикршуда муколамаи шарикӣ дорем", - изҳор доштааст Наришкин.

Ӯ таъкид намудааст, ки албатта тақдири Афғонистон пеш аз ҳама дар дасти худи афғонҳо мебошад. Ба гуфтаи Наришкин, тамоми кишварҳои минтақа манфиатдори як Афғонистони ором ва рушдкунанда мебошанд.
Итоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Лавров: Русия бо "Толибон"* таъсиси ҳукумати фарогирро баррасӣ дорад
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала