Навори тафреҳи Путин ва Шойгу дар ҷангал

Шабакаи "Россия 24" навори истироҳати кишвардори Русия Владимир Путин ва Вазири мудофиа Сергей Шойгуро нашр кард
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Наворҳои истироҳати президенти Русия Владимир Путинро дар ҷангалро телевизиони "Россия 24" ба намоиш гузошт.
Тафреҳи Владимир Путин авоили моҳи сентябр иттифоқ афтодааст ва ӯро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҳамроҳӣ намудааст
Дар навор маълум аст, ки Владимир Путин моҳидорӣ мекард, сайри кӯҳҳо баромад ва ҳамзамон бо қаиқ аз дарё мегузашт.
Илова бар ин, раисҷумҳури Русия шабро дар ҷангал дар хайма рӯз кард.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта ҳам раҳбари Русия дар ҷангалҳои Сибир ҳамроҳи вазири дифоъ Сергей Шойгу истироҳат карда буд.
Онҳо ҷангалҳои ин минтақаро бо мошинҳои пуриқтидор тай намуда, аз корхонаи Шойгу, ки дар он дарахтони хушкро коркард мекунад, нигаристанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала