Дар Тоҷикистон дуюмин китоб ба ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд чоп шуд

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Нашриёти “Адиб” дар ояндаи наздик нашри маҷмӯаи насриву публитсистиро низ дар ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар назар дорад.
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. "Ҳамосаи Панҷшер" дуюмин китобест, ки дар Тоҷикистон ба хотири ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд ба Ҷабҳаи Муқовимат ба табъ мерасад.
Ин китобро нашриёти "Адиб" - и вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба нашр расондааст, ки маҷмӯаи ашъори шоирони форсизабон дар ситоиши Ҷабҳаи Муқовиматро дарбар дорад.
Хабари интишор шудани китоби "Ҳамосаи Панҷшер" - ро хабарнигори тоҷик, Одил Нозир дар сафҳаи Facebook -ии худ эълон карда, навиштааст, ки он бо ташаббуси муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар омодаи нашр шуда, шоир Беҳрӯзи Забеҳулло мураттиби он мебошад.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Тамоси ду узви Конгресси ИМА бо Аҳмад Масъуд ва пуштибонияшон аз Ҷабҳаи муқовимат
Номбурда аз қавли Давлат Сафар навиштааст, ки нашриёти “Адиб” дар ояндаи наздик нашри маҷмӯаи насриву публитсистиро низ дар ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар назар дорад.
Дар ин шабу рӯз дар баробари “Ҳамосаи Панҷшер” дар Душанбе маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” низ ба нашр расид, ки паёми аҳли зиё ва ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала