Дар Тоҷикистон то 35 дараҷа ҳаво гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе, архивное фото
Жители города Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Тирамоҳи Тоҷикистон ҳамоно гарму бебориш аст. Рӯзи 26 сентябр дамои ҳаво то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои беборишу гармро пешгӯӣ мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар Ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Рӯзона 29-34 ва шабона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳам боридани борон дар назар нест. Рӯзона ҳаво 33-38 ва шабона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала