27 сентябр дар таърихи Тоҷикистон ва ҷаҳон

День 27 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Рӯзи 27-уми сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон Рӯзи телевизион ва дар Русия Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27-уми сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.
Соли 1821 Мексика истиқлол ба даст овард.
Соли 1905 дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил тамоку кашидан ҳабс карданд.
Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.
Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.
Соли 1977 аввалин нерӯгоҳи атомии Украина нахустин бор нерӯи барқ ҳосил кард.
Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27-уми сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе гузоштани мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "ВАО ва муҳоҷират" ҷамъомад баргузор гашт.
Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ дар мавзӯи "Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об", ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ кард.
Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами "Кохи фарҳанг" ба истифода дода шуд.
Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе боғи Низомиддин Алишер Навоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Ҷашнҳои рӯзи 27-уми сентябр

Рӯзи байналмилалии туризм.
Дар Муғулистон Рӯзи телевизион.
Дар Русия Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27-уми сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биология.
Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.
Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.
Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Хуршеда (Обидова ) (1974) - шоира.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала