Cокини Қубодиён дар садамаи “Лексус”-и рабудааш фавтид

Дтп на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Дар ҷануби Тоҷикистон марде бо мошини рабудааш дучори садама шуда, фавтидааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Як сокини 32-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар дуздии мошин гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуотии ВКД-и Тоҷикистон, шаби 25-уми сентябр гумонбар мошини “Лексус”-и як сокини 33-солаи маҳаллиро аз назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Ҳаваскор бидуни мувофиқа бо соҳиби мошин бурдааст.
Гуфта мешавад, дар роҳ гумонбар мошинро идора карда натавонистааст, ки дар натиҷа он ба садама дучор, чаппа шудааст.
Ба иттилои манбаъ, марде, ки ба дуздии мошин гумонбар дониста мешавад, бинобар ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Скорая помощь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Садамаи мудҳиш: ҳалокати ноболиғи 16-сола зери чархи мошин
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши ин ҳодисаро идома медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон рӯзи 26-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ Каримов Қурбоналӣ Бобохоновичи 36-сола, сокини ноҳияи Ҷайҳун Ойшамоҳ Тошеваи шашсоларо пахш мекунад, ки дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса пас аз нисфирӯзӣ дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Панҷи Поён дар пайи ноуҳдабароии ронанда сар задааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала