Фавти як муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар Русия: зери девор монд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксМигранты работающие на стройках. Архивное фото
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Як муҳоҷири тоҷик, ки ҳамагӣ 23 сол дошт, бар асари фурӯ рехтани девор зери овори он монда, ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Дар Русия боз як муҳоҷири ҷавони тоҷик ба таври фоҷиабор даргузашт. Хабаргузории "Znak.com" хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи нохуш дар маркази дилхушии "Мегаполис", дар шаҳри Челябинск иттифоқ афтодааст.
Ба иттилои манбаъ, ин муҳоҷири тоҷикистонӣ рӯзи шанбе дар ошёнаи дуюми ин марказ машғул ба кор буд. Ӯ бояд як деворро аз байн мебурд, вале ин девори хиштӣ ба болояш фурӯ рехт.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Бедаракшавии модари 18-солаи тоҷик бо тифлаш дар Русия
Дар натиҷа муҳоҷири тоҷик дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Феълан Кумитаи тафтишотӣ ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.
Қаблан бар асари бархӯрди мошини муҳоҷирини тоҷик ба сутуни роҳ дар шаҳри Новосибирск се шаҳрванди Тоҷикистон сӯхта, ҳалок шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала