Даъвати Ғанӣ ба эътирофи ҳукумати "Толибон"*-у ҳамкорӣ бо он": Фейк ё воқеият?

© AP / Rahmat GulБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Дар саҳифаи Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон ба эътирофи ҳукумати "Толибон"* даъват шуда, таъкид гардидааст, ки бархе намояндагони ҳукумати пешин ва кишварҳои хориҷӣ мехоҳанд дар Афғонистон буҳрони ҷадид эҷод кунанд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар саҳифаи раисҷумҳури собиқи Афғонистон гуфта мешавад, ки кобинаи собиқи ҳукуматаш феълан ҳатто як дарсади қудрат дар Афғонистонро надорад, аммо бархе сафирони давлати пешин ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ барои ҳадафҳои худ талош мекунанд буҳрони нав эҷод кунанд.
Аммо "РИА Новости" бо такя ба Ашраф Ғанӣ изҳор доштааст, ки саҳифаи фейсбукии ӯро шикастаанду дар он даъват ба эътирофи ҳукумати "Толибон"* ва ҳамкорӣ бо онро ҷой додаанд.
Ғанӣ дар саҳифаи твиттераш мавриди ҳамлаи хакерӣ қарор гирифтани саҳифаи фейсбукияшро таъйид карда, изҳор доштааст, ки матолиби нашршуда дар ин саҳифа то барқарор шудани он эътибор надоранд.
Дар изҳороте, ки дар саҳифаи фейсбукии Ғанӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ҳич яке аз мақомдорони давлати пешинаш ҳаққи намояндагӣ аз Афғонистону мардуми онро надорад.
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2021
Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард
Аз ҷумла аз Ғуломмуҳаммади Исҳоқзай, намояндаи Афғонистон дар СММ интиқод шудааст, ки дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар замоне суханронӣ мекунад, ки дар пушташ ҳеҷ ҳукумат ё мардум нест.
Инчунин аз номи Ашраф Ғанӣ даъват шудааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати ташкилкардаи "Толибон"*-ро эътироф кунаду ҳамкорӣ намояд ва буҷае, ки мавриди ҳабс қарор гирифтааст, ба давлатдорони ҷадиди Афғонистон дода шавад.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала