Ғанӣ идораи саҳифаашро ба даст гирифту изҳорот ба ҳимоят аз "Толибон"*-ро пок кард

© Пресс-служба Президента РТГлава Афганистана Ашраф Гани
Глава Афганистана Ашраф Гани  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, идораи саҳифаи фейсбукияшро, ки шаби 26-уми сентябр аз даст дод, дигарбора гирифт
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, шоми 26 сентябр дар пайи ҳамлаи киберӣ идораи саҳифаи фейсбукияшро аз даст дод. Ӯ афзуд, ки бо мусоидати маъмурияти "Фейсбук" баъди зуҳри 27 сентябр идораи саҳифаашро дигарбора ба даст гирифт.
Тайи муддате, ки Ғанӣ маъмурияти саҳифаашро дар ихтиёр надошт, дар он изҳороте ба ҷонибдорӣ аз "Толибон"* ва интиқод аз намояндагони ҳукумати қаблӣ нашр шуд.
Аз ҷумла дар саҳифаи раисҷумҳури собиқи Афғонистон гуфта шуд, ки кобинаи собиқи ҳукуматаш феълан ҳатто як дарсади қудрат дар Афғонистонро дар даст надорад, аммо бархе сафирони давлати пешин ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ барои ҳадафҳои худ талош мекунанд, буҳрони нав эҷод кунанд.
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Аз муқовимати Панҷшер то сафорат дар Душанбе – суҳбати Муҳаммад Зоҳир Ағбар
Дар он изҳорот, ки феълан Ғанӣ онро аз саҳифааш пок кард, инчунин ба эътирофи ҳукумати "Толибон"*, ҳамкорӣ бо онҳо ва додани буҷа ба ихтиёри онҳо даъват шуда буд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала