"Истиқлол" ва "Пойтахт" ба даври нимфинал баромаданд

© Sputnik / Сергей Русанов / Гузариш ба медиабонкМини-футбол, архивное фото
Мини-футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Дастаҳои "Истиқлол" ва "Пойтахт" пас аз пирӯзии ахири худ ба даври нимфиналӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, иштирокчиёни даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон муайян шуданд.
Бинобар хабари манбаъ, пас аз натиҷагирии бозиҳои даври чорякфинал дастаҳои "Истиқлол" ва "Пойтахт" ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

"Дар бозиҳои дуюми даври чорякфинал "Пойтахт" бар дастаи "Помир" бо ҳисоби 6:0 (бозии аввал: 6:4), "Истиқлол" бар тими "Самандар" бо ҳисоби 5:0 (бозии аввал: 4:0) зафар ёфтанд",-таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамин тариқ дар даври нимфинал "Истиқлол" бо дастаи қаҳрамони феълии кишвар - дастаи "Сипар"-и Хуҷанд ва "Пойтахт" бо "Соро компания" вомехӯранд.
"Соро компания" бо ҳисоби калон дастаи "Помир" - ро шикаст дод

Дар асоси низомномаи қаҳрамонӣ, даври нимфинал аз силсилаи бозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони даври нимфинал дар финал вомехӯранд, дастаҳои мағлуб барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0