Як марзбони ӯзбек дар тирандозие дар марзи ин кишвар бо Афғонистон кушта шуд

© AFP 2021 / MLADEN ANTONOVCолдат, идущий рядом с забором с колючей проволокой
Cолдат, идущий рядом с забором с колючей проволокой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Як низомии ӯзбек ҳангоми иҷрои вазифа дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон ҷон додааст
Дар Ӯзбекистон як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ҳангоми тирандозӣ дар марз бо Афғонистон кушта шуд.
Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Намангон хабар дод.

"Дирӯз як сарбоз қаҳрамонона ҷони худро фидо ва вазифаи хизматии худро иҷро кард. Вай писари Намангон буд",-изҳор дошт сарвари давлат.

Ба гуфтаи президент, марзбони Ӯзбекистон ҳангоми тирандозӣ бо қочоқбарони маводи мухаддир ҷон додааст.
Бино ба хабари телеграм-канали "Нигоҳ", муноқиша 26 сентябр, замоне рух дод, ки як нашъаҷаллоб аз Афғонистон қасди убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ӯзбекистонро кардааст.
Ба гуфтаи Мирзиёев, вазъи Афғонистон "бояд барои ҳама дарси ибрат шавад".
"Мо ба ҳеҷ кас имкон намедиҳем, ки сарҳадҳои моро ғайриқонунӣ вайрон кунад. Дар Ӯзбекистон волоияти қонун вуҷуд дорад ва ҷазо ногузир аст",-таъкид кард раҳбари Ӯзбекистон.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Даъвати Ғанӣ ба эътирофи ҳукумати "Толибон"*-у ҳамкорӣ бо он": Фейк ё воқеият?
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* дар моҳи августи соли 2020 вахим шуд. Толибҳо ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро пас аз эълони хуруҷи нерӯҳои ИМА афзоиш дода, 15 август вориди Кобул шуданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати нави муваққатии Афғонистон бо сарварии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - ҷунбиши "Толибон"* ҳамчун созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала