Мазори Шариф: Инфиҷор дар минтақаи Равзаи Муборак

© AP / Wali SabawoonДым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан
Дым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Дар минтақаи Равзаи Мубораки шаҳри Мазори Шариф инфиҷори муҳибе рух дод, ки куштаву захмӣ низ дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ин аввалин инфиҷор пас аз суқути ин шаҳр ба дасти “Толибон” аст.
Як манбаъи Sputnik Тоҷикистон бо ироаи ин хабар гуфт, инфиҷор ҳаволии соати 12:00 ба вақти Кобул (12.30 ба вақти Душанбе) дар чавк (чорроҳа) - и Мандавии собиқ, наздикии Ҳилоли Аҳмар (Сарамёшт) - и шаҳри Мазори Шариф иттифоқ афтод.

“Минаи часпакӣ дар бағали пояи барқ ҷосозӣ шуда, дар пайи ин инфиҷор як тифл ба шаҳодат расида, 19 раҳгузари дигар захмӣ шуд”, - гуфт манбаъ.

Минтақаи инфиҷор дар 50-метрии шимолу ғарби Равзаи Мубораки Мазори Шариф ҷойгир буда, яке аз маҳалҳои серодами шаҳр маҳсуб мешавад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Дастгир шудани 40 нафар аз тарафи "Толибон"* барои инфиҷорҳои занҷираӣ дар Нангарҳор
Ин аввалин инфиҷор дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх аст, ки пас аз суқути комили вилоят дар 14 августи соли равон ба дасти “Толибон”* иттифоқ меафтад.
Дар гузашта ин қабил инфиҷорҳоро кори дасти худи “Толибон”* ҳисоб мекарданд. Аммо ҳоло ки ин гурӯҳ худ сари қудрат аст ва масъулияти амнияти кишварро ба зимма дорад, ин қабил инфиҷорҳо суолангезанд.
Масъулияти инфиҷори имрӯзро низ то ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе ба уҳда нагирифтааст.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0