Қазоқистон дидори сафираш бо "Толибон"*-ро шарҳ дод: ҳамкорӣ бидуни ба расмият шинохтан

© МИД Республики КазахстанВстреча Посла Казахстана в Кабуле Алимхан Есенгельдиева с и. о. министра иностранных дел во временном правительстве Афганистана Амир Ханом Муттаки
Встреча Посла Казахстана в Кабуле Алимхан Есенгельдиева с и. о. министра иностранных дел во временном правительстве Афганистана Амир Ханом Муттаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфтааст, ки кишвараш омодааст, бо мақомоти Афғонистон робита кунад, аммо ҳеҷ суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қазоқистон мегӯяд, ки омодааст, бо мақомоти нави афғон дар умури тиҷорат робита кунад, аммо дар бораи эътирофи онҳо то ҳол чизе гуфта нашудааст.
Айбак Самадёров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мулоқоти сафири ин ҷумҳурӣ дар Кобул Алимхон Есенгелдиевро бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ шарҳ додааст.

"Дар мулоқот танҳо масоили марбут ба интиқоли кумакҳои башардӯстона аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба мардуми Афғонистон ва масоили тиҷорат баррасӣ шуд",-гуфт Самадёров.

Номбурда ҳамзамон гуфтааст, ки ҳанӯз суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест ва Қазоқистон омодаи барқарории иртибототи тиҷорӣ бо мақомоти нав аст.
Ба гуфтаи Самадёров, ин барои ҳалли масоили башардӯстонае, ки акнун бо ин кишвар рӯ ба рӯст, муҳим мебошад.
Аввали моҳи сентябр президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки ин ҷумҳурӣ омода аст, бо мақомоти нав муносибатҳои тиҷоратии созанда барқарор кунад, пеш аз ҳама барои ҳалли мушкилоти шадиди башарӣ.
Ин дувумин намояндаи баландмақом аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки бо намояндаи "Толибон"* дидор мекунад.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Дипломатҳои Қирғизистон бо дастури Ҷабборов бо "Толибон"* мулоқот карданд
Қаблан ҳайате аз Қирғизистон бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов аз номи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вориди Кобул шуда, бо аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"* мулоқот кард.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба "Толибон"* мавқеи устувор дорад.
Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунад, хушунатро хотима диҳад ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунад.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0