Раҳмон аз паҳлавонҳои Ванҷу Дарвоз тавсиф карду аз печидагиҳо дар минтақа ҳушдор дод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз аз вазъи печида ва мураккаби минтақаю ҷаҳон гуфт
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо тавсиф аз ҳунарнамоиҳои сокинони ин ноҳияҳо дар бахши фарҳангу варзиш ва иродаи матини онҳо изҳори боварӣ намудааст, ки ба ҳимояи сулҳу оромӣ ва дастовардҳои кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мардуми ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ гуфт, даҳҳо нафар аз фарзандони маъруфи онҳо барои рушди илму фарҳанги миллии тоҷикон, дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин боло бурдани шуҳрати варзиши Тоҷикистон хидмати басо арзишманд кардаанд.
Ӯ дар идома аз вазъи печидаи минтақа гуфта, зарурати омодагӣ барои ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудаст.
Дорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Роҳ ба Бадахшон кӯтоҳтар мешавад: Тафсилоти роҳи 2,5-миллиардсомонӣ то Рӯшон
"Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, хусусан бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу печидаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза минбаъд низ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода хоҳанд буд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай даъват кардааст, ки сокинон бо заҳмати содиқона Ватану диёри худро боз ҳам ободу пешрафта намоянд. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон феълан идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала