Роҳ ба Бадахшон кӯтоҳтар мешавад: Тафсилоти роҳи 2,5-миллиардсомонӣ то Рӯшон

© Sputnik Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксДорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото
Дорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон бархе тафсилоти роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшонро ироа кардааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар пайи бозсозии қитъаи 109-километрии роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшон дарозии он 16 километр кӯтоҳ мегардад.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, маросими оғози бозсозӣ 27 сентябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, дар маҷмуъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Интизор меравад, ки дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо тӯли 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 долон бо тӯли 601 метр ва 15 пули мошингузар бо тӯли 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ амалӣ шаванд.
Производство макарон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Деҳаи Дуробаки Дарвоз саноатӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки роҳи мошингарди Дарвоз - дарвозаи Рӯшон бояд мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардад.
Зикр шудааст, ки дар рафти таҷдиду азнавсозии роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшон ҳазор нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ - Рӯшон - Хоруғ ва Хоруғ - Қулма - сарҳади Чин саҳм хоҳанд гузошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала