Тоҷикистон бо харҷи 2,5 миллиард сомонӣ роҳи Дарвоз - Рӯшонро таҷдиду навсозӣ мекунад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба мутахассисон дастур додааст, ки роҳ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар зимни сафараш ба ВМКБ, баъди ифтитоҳи қисмате аз шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғоз бахшидааст.
Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмӯъ 92,3 километр мешавад. Маблағи лоиҳа қариб 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад, хабар додааст котиботи президент.
Дар асоси ин лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо тӯли 3 ҳазору 328 метр, бунёди панҷ долон бо тӯли 601 метр, 15 пули мошингузар бо тӯли 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Повседневная жизнь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Як қадам ба Чин наздиктар: Раҳмон як қисми шоҳроҳро дар Помир кушод
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Дарвоз - дарвозаи Рӯшон ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Гуфта мешавад, бо таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб - Ванҷ - Рӯшон - Хоруғ ба ҳисоб меравад, рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.
Дар рафти таҷдиду навсозии роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшон 1000 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ - Рӯшон - Хоруғ ва Хоруғ - Қулма - сарҳади Чин саҳми назаррас мегузоранд, афзудааст манбаъ.
Сафари кории президенти Тоҷикистон дар ВМКБ идома дорад ва дар назар аст, он се рӯз давом кунад.
Лентаи хабарҳо
0