Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо кард

© VYACHESLAV OSELEDKOТаджикские пограничники патрулируют границу
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Шаҳрванди Қирғизистон 26 сентябр аз ҷониби Хадамоти марзбонии Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ дар ҳоле боздошт шуд, ки савори нақлиёт дар роҳи Хуҷанд - Конибодом ҳаракат мекард
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Уразбек Мирзоев, шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби сарҳадбонон боздошт шуда буд, ахиран раҳо ва ба Ватани худ баргашт, хабар медиҳад хадамоти марзбонии КДАМ-и Қирғизистон.
Бояд гуфт, ки Мирзоев рӯзи 26-уми сентябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳангоми боздошт ӯ дар микроавтобус ҳамроҳи ҳамсараш дар роҳи Хуҷанд-Конибодом ҳаракат мекард.

" 27 сентябр дар пайи музокироти раҳбарони вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ва намояндагони марзбонии ду ҷумҳурӣ шаҳрванд Уразбек Мирзоев ба ҷониби Қирғизистон интиқол дода шуд",-омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ин мард тавассути гузаргоҳи Кулунду ба хона расидааст.
Пули хурд, аммо муҳими Чорбоғ дар марз
Небольшой, но важный мост Чорбога на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Баррасии озодии як қирғиз аз тарафи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳоии шаҳрванди Қирғизистон дар ҳолест, ки ин кишвар ду тоҷикистониро ба ҳукми абад маҳкум карда буд.
Пайвандони ҳар ду маҳкумшуда ба ҳабси умрбод мегӯяд, додгоҳи Қирғизистон бе далел ва ғайриқонунӣ нисбати Қаҳҳоров ва Юнусов ҳукм содир намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала