Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд: Обу ҳавои Тоҷикистон барои 27 сентябр

© Sputnik Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Ҳавошиносони Тоҷикистон аз сар задани тӯфони чангу ғубор дар қисме аз қаламрави кишвар хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Песчаная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Тоҷикистон: Ҳушдори ҳавошиносон дар бораи тӯфони чангу ғубор ва селҳои пиряхӣ
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддаи то 15-20 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала