28 сентябр дар таърихи Тоҷикистон ва ҷаҳон

День 28 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ мебошад

Рӯзи 28-уми сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.
Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.
Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия оғоз гардид.

Рӯзи 28-уми сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар робита ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 роҷеъ ба мавзуи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ кард.
27 сентябр дар таърихи Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии "Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея" баргузор гардид.
Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашт.

Ҷашнҳои рӯзи 28-уми сентябр

Рӯзи байналмилалии баҳр.
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
Дар Русия Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28-уми сентяб дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.
Соли 1951 Риёзидон Сайфулло Бобоев.
Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.
Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала