Афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар Русия

Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Имсол судури ҷиноят аз тарфи хориҷиён дар Русия ҳудуди 6 дарсад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар афзоиши ҷиноятҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раёсати ВКД.
Ҷиноятҳое, ки аз тарафи муҳоҷирон дар ҳашт моҳи ахири соли ҷорӣ содир шудаанд, ҳудуди 6 дарсад аз давраи мушобеҳи соли гузашта бештаранд.
"Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Русия 24700 ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2020 5,9% зиёдтар аст",-гуфта мешавад дар иттилоия.
Аз гузориши Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бармеояд, ки аксари вақт қонун дар қаламрави Русияро меҳмонон аз кишварҳои ИДМ вайрон мекунанд.
Шаҳрвандони кишварҳои ИДМ 19,2 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки 8% коҳишро нишон медиҳад, аммо ҳиссаи онҳо дар умум 77,8%-ро ташкил додааст.
Пассажиры забирают багаж с транспортировочной ленты в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Ду рӯз то анҷоми афв: Муҳоҷиронро пас аз 30 сентябр чӣ интизор аст?
Шумораи амалҳои ғайриқонунӣ нисбати хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ 1,1% кам шуда, ба 10,3 ҳазор расидааст.
Илова бар ин ин ниҳод афзуда, ки афзоиши ҷиноятҳоеро бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ кашф кардааст. Шумораи чунин ҷиноятҳо нисбат ба соли гузашта 12,7% афзуда, 358 ҳазор мавридро шомил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала