Бонки миллии Тоҷикистон ташкили пули рақамиро такзиб кард

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Бонки миллии Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар мавриди ташкили пули рақамиро дар кишвар такзиб кард
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. БМТ мегӯяд, ҳич тасмими ташкили асъори рақамии бонки марказӣ ё худ CBDC-ро надорад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як раддия хабар додааст, ки бо ширкати "Fantom Foundation" дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ҳеҷ гуна шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва чунин тасмим ҳам надорад.

"Маълумот дар бораи ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд",-омадааст дар раддия.

БМТ таъкид намудааст, ки аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба "Fantom Foundation" мактуб ирсол намудааст.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Киви Бонк”-ро тамдид кард
Ин раддия дар ҳолест, ки ахиран дар бархе сомонаҳо бо такя ба "Fantom Foundation" хабарҳое нашр гардиданд, ки дар онҳо гуфта мешуд, ин бунёд дар якҷоягӣ бо "Ориёнбонк" ва Бонки миллӣ сари ташкили асъори рақамӣ кор карда истодаанд. Аз ҷумла зикр мешуд, ки блокчейни "Fantom" барои ташкили асъори рақамии Тоҷикистон интихоб шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ин хабарҳоро такзиб намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала