Чангу ғубор идома меёбад: Пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик барои 28 сентябр

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳавои гарму бебориш пешгӯӣ мешавад, аммо чангу ғубор боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15, рӯзона 20-25, дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Песчаная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Тоҷикистон: Ҳушдори ҳавошиносон дар бораи тӯфони чангу ғубор ва селҳои пиряхӣ
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17, рӯзона 30-35, дар доманакӯҳҳо шабона 9-14 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм гуфта шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона ба 10-15 ва рӯзона ба 29-34 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 24-29 дараҷа гуфта мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0