Ҳамосасароии овозхонҳои Олтой бо шеваи хос - видео

Достонсаройҳои Олтой барои иштирок дар Ҷашвораи байналмилалии эпос дар шаҳри Бишкек қарор доранд
Овозхонҳои олтойӣ бо шеваи хосашон дар барномаи Sputnik Қирғизистон ҳамосаҳои қаҳрамониро иҷро кардаанд.
Зимни овозхонии намояндагони Олтой садои куҳ, наъли асп, садои муҳориба низ танинандоз мешавад. Барои зери таъсири ин овозхонӣ қарор гирифтан, донистани забон шарт нест.
Аъзои гуруҳи ҳунарии "Бай-Терек", Данил Данжеев ва Эзендей Балбин наздикии фарҳанги Олтой ва Қирғизистонро таъкид карданд.
"Эпос — ин зиндагист. Дар ривоятҳо ҳикмату фалсафаи хосе нуҳуфтааст. Ин ҳамосаҳо ҳамеша зинда хоҳанд буд, чун дар онҳо гуфта мешавад, ки як инсон бояд чигуна хислатҳоро дошта бошад", - изҳор дошт Данжеев.
Дар барнома ҳамосасароӣ бо истифода аз овозхонии хоси ҳалқӣ намоиш дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала