Иқтисоддон аз афзоиши рекордии се асъор гуфт, аммо доллар миёнашон нест

Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Мутахассис дар бораи вазъияте сухан ронд, ки дар ояндаи наздик дар бозори асъор рушд хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Франки Швейтсария, крони чехӣ ва доллари Зеландияи Нав дар ояндаи наздик зарфияти баланди рушдро нишон хоҳанд дод. Дар ин бора Александр Казанский, дотсенти кафедраи назарияи қарзӣ ва менеҷменти молиявии факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар мусоҳиба бо агентии "Прайм" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи ин мутахассис, ба афзоиши қурби ин асъорҳо фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди устувори иқтисодиёти кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Казанский таъкид кард, ки шекели Исроил, вони Кореяи Ҷанубӣ ва дирҳами АМА метавонанд нишондоди хубе дошта бошанд.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Иқтисоддон дурнамои афзоиши кӯтоҳмуддати доллар ва евроро шубҳаовар донист.
Одатан ба ин асъор фоизҳои паст ва хавфҳои вобаста ба таҳримҳои эҳтимолии ИМА таъсир мерасонанд.
Бино ба маълумоти Бонки Русия, рӯзи сешанбе қурби доллар 34,5 копейк коҳиш ёфта, 72,6 рублро ташкил дод. Евро низ 64,6 копейк арзон шуд - ҳоло арзиши он тақрибан 85 рубл аст.
Пештар коршиноси бозори саҳҳомии "Ҷаҳони сармоя" Дмитрий Бабин гуфта буд, ки франкро метавон боэътимодтарин асъори ҷаҳон шумурд.
Ба гуфтаи ӯ, устувории он аз иқтисоди Швейтсария вобаста аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала