Коршинос дар бораи мамнуиятҳои ҷоришуда аз сӯйи "Толибон"* дар Афғонистон: Ин хушунат аст

© AFP 2021 / Bulent KilicУличные барберы с клиентами в Кабуле
Уличные барберы с клиентами в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Сиёсатшиноси рус фармон ва меъёрҳои нав дар Афғонистонро манфӣ арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Фарҳод Иброҳимов, коршиноси клуби мубоҳисаии байналмилалии "Валдай", сиёсатшинос дар зимни суҳбат бо радиои Sputnik "навовариҳо"-и "Толибон"* дар ҷомеаи Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Вай тавзеҳ дод, ки сартарошхонаҳо дар Афғонистон дар замони ҳукмронии Ашраф Ғанӣ маъмул буданд, аммо дар замони "Толибон"* ҳама дастовардҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишвар аз байн хоҳанд рафт.
"Толибон мардонро маҷбур мекунанд, риш натарошанд, ки риши онҳо на ба таври мӯд хоҳад буд, балки онҳо ришҳои асримиёнагӣ хоҳанд дошт. Ин гурӯҳ ба шариати ислом такя мекунад ва мутаассифона, фармудаҳои Қуръонеро, ки ҳамаи инро муқаррар кардааст, дуруст шарҳ намедиҳанд",-гуфт сиёсатшинос.
флаг сша - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Амрико ба иқдоми буридани дасту пой тавасути “Толибон”* вокуниш нишон дод
Иброҳимов чунин маҳдудиятҳоро зӯроварӣ номида афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин иқдомҳои ҳукумати нави Афғонистон ишора хоҳанд кард, аммо толибон ба дигар кишварҳо гӯш фаро намедиҳанд, балки тибқи анъана ва урфу одатҳои худ, қоидаҳои шахсии худро ба мардум таҳмил хоҳанд кард, пешгӯӣ кард коршинос.
"Ҳама чизеро метавон манъ кард. Барои занон ҳама мамнуият аллакай эълон шудааст: онҳо кор карда наметавонанд. Мардон тибқи қоидаҳо ва қонунҳое, ки толибон муқаррар мекунанд, кор хоҳанд кард. Онҳо намегузорад, ки афғоне аз хатти кашидаашон берун по ниҳад",- афзуд сиёсатшинос.
Боец Талибана* с винтовкой в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Чӣ бояд хӯрду чиро пӯшид? Нашри қоидаҳои "Толибон"*
Бо назардошти бозгашти таҷрибаи ҳукми қатл ва буридани дасту пой, ба гуфтаи ин коршинос, ҳамаи дигарандешон "марги ногузир"-ро интизоранд.
Фарҳод Иброҳимов пешгӯӣ кард, ки аҳолии Афғонистон тарсонда мешаванд, то эътироз накунанд ва танҳо он вазифаҳоеро, ки ба онҳо вогузор мешаванд, иҷро кунанд.
* ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала