Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Охирин гирифтори коронавирус дар Хуҷанд аз бемористон мураххас шуд

© Sputnik / Алексей СухоруковВрач в палате, архивное фото
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Охирин гирифтори коронавирус, ки дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд табобат мегирифт, ба хонааш мураххас шуд
ДУШАНБЕ, 28сен — Sputnik. Рустам Бурибоев, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки дар беморхона ягон бемори илтиҳоби шуш (пневмония) ё коронавирус боқӣ намондааст, иттилоъ додааст SugdNews.
Ба гуфтаи ӯ, ваксина бар зидди коронавирус дар кишвар ба он расонд, ки паҳншавӣ ва сирояти шаҳрвандон ба сифр баробар шуд.
Ин дар ҳолест, ки Маъруф Хоҷибоев, муовини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, иттилоъ додааст, ки тамоми беморон, ки қаблан аз коронавирус табобат мегирифтанд, аз беморхонаи клиникии минтақавии ба номи Қутфиддинов мураххас шуданд.
Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии и Тоҷикистон, аз оғози бақайдгирӣ то 27 сентябр дар кишвар 17084 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 16960 нафар шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Врач в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Сардухтури Беморхонаи марказии Истаравшан таъйин шуд: Ӯ кист?
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шароити паҳншавии коронавируси дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар ҷараёни озмоишҳои илмӣ маълум шуд, ки ягона роҳи пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ин ваксиназании аҳолӣ мебошад.
"Ваксинагирии саривақтии аҳолии кишвар ба он оварда расонд, ки дар ҳафтаҳои охир дар кишвар ҳолатҳои нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Аз 29 август инҷониб ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳама муассисаҳои тиббии пойтахт, ки қабла барои табобати беморони коронавирус омода шуда буданд, ба реҷаи муқаррарии кори худ баргаштанд", - менависад манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала