Шаҳрдорӣ ронандаҳои автобусу троллейбус меҷӯяд

© Sputnik / Амир ИсаевВодитель маршрутного такси в Душанбе
Водитель маршрутного такси в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Обуна шудан
Довталабони кор дар автобусҳои мусофирбари шаҳри Душанбе бояд сокини пойтахт бошанд, зикр шудааст дар эълони шаҳрдорӣ
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон додааст, ки корхонаҳои мусофирбарии пойтахт ронандагони автобусу троллейбусро меҷӯянд.
"Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2", "Автобус-3" ва "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "Д" ва собиқаи кории на камтар аз се солро дар автобусу троллейбусҳо доранд, ба кор даъват менамоянд", - омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.
Таъкид шудааст, ки ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд барои маълумот ба шуъбаҳои кадри корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2", "Автобус-3" ва "Троллейбус"-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Автобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2021
Шаҳрдории Душанбе аз ҳисоби худ барои нақлиёти ҷамъиятӣ ронанда омода мекунад
Манбаъ барои тамос бо корхонаи "Автобус-1" рақамҳои 988 70 44 00, 901 70 44 00, барои тамос бо корхонаи “Автобус-2” рақамҳои 555 55 32 19, 985 38 28 81, барои тамос бо корхонаи Автобус-3” – рақамҳои 918 63 14 93, 918 79 05 05 ва барои тамос бо корхонаи "Троллейбус" - 908 00 57 80-ро пешниҳод кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Душанбе изҳори ният карданд, ки дар оянда тамоми микроавтобусҳоро аз кӯчаҳои шаҳр барчинанду хатсайрҳои автобусиро роҳандозӣ намоянд.
Аз кӯчаҳои марказии Душанбе микроавтобусҳоро бармечинанд, гуфт муовини шаҳрдор, Амирхон Қурбонзода ва афзуд, ки ин иқдом ба навбат дар тамоми шаҳр роҳандозӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0