Таассуфи Вазорати меҳнату муҳоҷират аз фавти ду роҳбари ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия

© Представительство РТ в РФ по миграцииГлава областного общества таджиков в г. Дзержинский Нижегородской области Мирзоев Мутрибшох Юсуфшоевич
Глава областного общества таджиков в г. Дзержинский Нижегородской области Мирзоев Мутрибшох Юсуфшоевич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз даргузашти ду роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия хабар дода, изҳори ҳамдардӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бинобар марги нобаҳангоми роҳбари ҷамъияти минтақаии тоҷикони шаҳри Дзержинскии вилояти Нижний Новгород Мирзоев Мутрибшоҳ Юсуфшоевич изҳори таассуф кардааст. Дар мавриди иллати фавт чизе гуфта нашудааст.
Дар таслиятномаи Вазорат таъкид шудааст, Мутрибшоҳ Мирзоев, ки роҳбарии созмони "Умед"-ро ба уҳда дошт, дар муаррифӣ ва дастгирии муҳоҷирони корӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ саҳми арзанда гузошта, барои ҳалли мушкили ҳамватанон мусоидат мекард.
Инчунин зикр шудааст, ки чанде қабл роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Химкии вилояти Маскав Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович аз бемории саратон даргузаштааст.
Намояндагӣ аз хизматҳои Тошмурод Ҳомидов барои муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни тоҷик ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар тавсиф кардааст.
Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба наздикони роҳбарони марҳуми ҷамъияти тоҷикон Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала