Поёни нишасти якҳафтаӣ: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро баррасӣ карданд

© ВКХ ТоҷикистонВохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ
Вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Нишасти якҳафтаии намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои аломатгузории марз поён ёфт
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Аз 20 то 27 сентябр дар шаҳри Самарқанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

"Тарафҳо натиҷаи корҳои саҳроиро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода намудани хатти лоиҳавии демаркатсионӣ корҳоро идома медиҳанд",-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, пас аз анҷоми он протокол ба имзо расид.
Вохӯрии баъдии ҷонибҳо дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қаблан гуфта мешуд, ки президентҳои кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, картографҳо, тадқиқотчиён ва дигар мутахассисон супориш доданд, ки корро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ то охири соли 2021 ба анҷом расонанд.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Маълум шуд, кай аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом меёбад
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи делимитатсияи марз ҳанӯз соли 2019 ба мувофиқа расида буданд ва як сол пеш созишномаи байни кишварҳо дар бораи қитъаҳои муайяни марзии ду кишвар имзо шуда буд.
Тӯли марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километр аст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 20 дарсади сарҳади давлатӣ тақсимнашуда боқӣ монд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала