Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фавт аз коронавирус дар Русия тайи ду рӯзи ахир рекордӣ шуд

© Sputnik / AFK Sistema / Гузариш ба медиабонкПроизводство вакцины от COVID-19 на фармацевтическом заводе "Биннофарм"
Производство вакцины от COVID-19 на фармацевтическом заводе Биннофарм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Рӯзи чоршанбе дар Русия дастикам 857 нафар аз бемории коронавирус ба ҳалокат расид. Рӯзи қабл теъдоди беморони фавтида 852 нафар эълон шуда буд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар Русия маргумир аз бемории коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Давоми ду рӯзи ахир мавориди фавт аз ин вирус ба ҳадди рекордӣ расидааст.
Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дастикам 857 нафар мубтало ба ин вирус шуданд.
Дар Русия аз замони авҷи вируси COVID-19 то авохири моҳи сентябр, дар маҷмуъ 206 388 нафар ҷон додаанд.
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Охирин гирифтори коронавирус дар Хуҷанд аз бемористон мураххас шуд
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон давоми чанд ҳафта ҳич мавриди ибтилои шаҳрвандон ба ин беморӣ сабт нашудааст.
Дар ҷумҳурӣ ҷамъан 17 084 нафар гирифтори коронавирус шуданд, ки аз ин миён 16 960 нафар шифо ёфта, 124 кас даргузаштанд.
Зимнан ваксинзанӣ, ки роҳи ягонаи шикасти ин вирус гуфта мешавад, дар Тоҷикистон идома дошта, феълан беш аз 2 миллион шаҳрванди аз 18-сола боло ваксина гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0