Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Financial Times”: Нерӯҳои муқовимат аз Тоҷикистон ҳамчун як пойгоҳ истифода мекунанд

© AFP 2021 / AHMAD SAHEL ARMANАфганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер
Афганское движение сопротивления и силы противодействия талибам отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба, провинция Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Як расонаи ғарбӣ дар гузорише менависад, ки нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон аз Тоҷикистон ба унвони як пойгоҳи низомӣ истифода мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба навиштаи рӯзномаи “Financial Times”, ҳамакнун Тоҷикистон барои нерӯҳои муқовимати миллии Панҷшер ва раҳбарони он аҳамияти пойгоҳи низомиро дорад.
Ба навиштаи ин нашрия, Аҳмад Масъуд, раҳбари нерӯҳои муқовимати вилояти Панҷшер, Амруллоҳ Солеҳ, ки пас аз фирори Ашраф Ғанӣ худро раисҷумҳур хондааст ва Латифи Пидром, раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон дар Душанбе, маркази Тоҷикистон қарор доранд.
Бояд гуфт, ки ин иттилоъро чанд манбаъ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон рад каранд.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар суҳбат бо бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки на Амруллоҳ Солеҳ, на вазири собиқи дифои Афғонистон оқои Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва на дигар раҳбарони сиёсӣ дар Душанбе нестанд.
"Ба ман дар ин мавзӯъ зуд -зуд савол медиҳанд, аммо ман ҳамеша гуфтам, ки онҳо дар Душанбе нестанд, онҳо дар Афғонистон ҳастанд", - гуфт дипломат.
Намояндагони ҷабҳаи муқовимат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ доданд, овозаҳо дар бар бораи фирори Аҳмад Масъуди аз куҷо сарчашма мегиранд.

Аз дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ

"Фармондеҳ Аҳмад Масъуд, сардори муқовимати миллии Афғонистон, дар ҷои амн аст ва қувваҳои қаҳрамон дар нуқтаҳои душворгузар муқовимат ба таҷовузи зархаридони "Толибон"-ро идома медиҳанд *" гуфта мешавад дар изҳорот.
Беспилотник MQ-1B Predator с ракетой Hellfire, архивное фото
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
Ҷабҳа ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки Аҳмад Масъуди хурдӣ воқеан қаблан барои музокирот ба Душанбе омада буд, аммо дар он ҷо намондааст.
"Ҳамсояҳои Афғонистон дар Осиёи Марказӣ метарсанд, ки омадани "Толибон" метавонад боиси тундгароӣ ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар минтақа гардад ва инчунин ҷараёни гурезаҳро афзоиш диҳад. Аммо, барои Тоҷикистон пуштибонӣ аз тоҷикони қавмӣ, ки дар сафи муқовимат аксариятро ташкил медиҳанд ва ба табъиз дучор шудаанд қобили шак нест", - навиштааст рӯзноманигорони бритониёӣ.
Ин рӯзноманигор навиштааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш изҳор доштааст, ки "тамоми оқибатҳои манфии хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ бар дӯши кишварҳои ҳамсоя аст" ва оқибатҳои шиддатёбии вазъи Афғонистон метавонад ҳаводиси соли 2001-ро такрор намояд.
Ҳамчун намуна, Financial Times аз супоридани мукофоти олии Тоҷикистон ба Аҳмадшоҳи Масъуд пас аз мрагаш ба хотири нақши муҳим доштанаш дар поёни ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон ёдрас шудааст. Раҳмон ба қаҳрамони миллии Афғонистон эҳтироми хос дошт.
Қобили зикр аст, ки расонаҳои бритониёӣ мавқеи расмии Тоҷикистонро дар мавриди Афғонистон пурра ифшо намекунанд.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон, роҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя, таъсиси ҳукумати фарогирро бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46% аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, зарур мебошад.
Начальник штабов США генерал Марк Милли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Генерали амрикоӣ: “Ал-Қоида”* ҳанӯз дар Афғонистон аст ва қасди ҳамла ба Амрикоро дорад
Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо ифодаи ирода ва бо дарназардошти мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
Пас аз музокироти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон ва сипас бо Иброҳим Раисӣ,раисҷумҳуру Эрон, эълон карда шуд, ки Душанбе метавонад мизбони музокирот миёни "Толибон"* ва тоҷикон шавад .

Аз паёми Эмомалӣ Раҳмон пас аз дидор бо Иброҳими Раисӣ

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои имрӯза фавран рафъи низоъ ва ташаннуҷ дар минтақаи Панҷшер бо эълони оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ин минтақа дониста мешавад. Дар ин замина, мо розӣ шудем, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар кунем ва ба гуфтушуниди тоҷикон ва "Толибон"* дар шаҳри Душанбе мусоидат кунем.
Дар ҳамин ҳол Латифи Пидром эълон кард, ки давоми як моҳи оянда муқовимат дар баробари “Толибон”*-ро роҳандозӣ хоҳад кард.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Имрон Хон: Давлати Ғанӣ назди мардум маҳбубият надошт
Раҳбари кунгураи миллӣ дар посух ба изҳороти бархе аз мансабдорони ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар хориҷа афзуд: “Ин эъломия марбут ба чанд унсури фосид ва хоини режими фошистии Ғанӣ буд, ки бешармона ҳанӯз ҳам иддаои машруият доранд ва ҳеҷ гуноҳе ва ҷинояте ирқи шарму нанге бар пешонии таслимашон ҷорӣ намекунад”.
Раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон мегӯяд, ки муқовимат ҳанӯз тавассути афғонистониҳои сарватманд таъмин мешавад, аммо умедвор аст, ки аз Русия ҳам ҳимоят шавад.
Ба навиштаи рӯзнома, интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафари ояндааш ба Маскав бо президенти Русия Владимир Путин дар бораи муқовимати Афғонистон гуфтугӯ кунанд.
Бояд илова кард, ки мақомоти Русия дар аввали моҳи сентябр дар бораи вазъи Афғонистон изҳори назар карда буданд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки Русия қасд надорад дар умури дохилии Афғонистон ҳамчун миёнарав амал кунад.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Барои кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон 1,3 миллиард доллар ниёз аст
Бояд қайд кард, ки Дмитрий Песков сухангӯи Кохи Кремлин низ мавқеъи шабеҳ дорад. вай гуфт, ки Русия қасд надорад ба Аҳмад Масъуд раҳбари муқовимат дар Панҷшер ё талошҳои миёнаравии дипломатӣ кумак кунад.
Теъдоде аз раҳбарони сиёсӣ ва мансабдорони афғонистонӣ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирорӣ ахиран дар як изҳороти муштарак эълом карданд, ки ҳукумат корҳояшро берун аз Афғонистон идома хоҳад дод.
* - гуруӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала