Генерали амрикоӣ: “Ал-Қоида”* ҳанӯз дар Афғонистон аст ва қасди ҳамла ба Амрикоро дорад

© AP / Susan WalshНачальник штабов США генерал Марк Милли
Начальник штабов США генерал Марк Милли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико мегӯяд, ки гурӯҳи террористии “ал-Қоида”* ҳанӯз ҳам дар Афғонистон аст ва ин гурӯҳ эҳтимол дорад, аз он ҷо дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамла ба Амрико бошад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Генерал Марк Милли, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, ки “ал-Қоида” ҳоло ҳам дар Афғонистон аст ва ҳадафи он ҳамла ба Амрико мебошад”.
Милли дар ҷаласаи Сенат гуфт, ки агар онҳо тавоноии ҷангии худро дубора ба даст биёранд, метавонанд ҳамла кунанд.

“Фикр мекунам, ки “ал-Қоида”* ҳанӯз ҳам мехоҳад бо Амрико ҷанг кунад",-гуфт генерали амрикоӣ.

Вай афзуд, ки бар асоси созишномаи Доҳа, “Толибон”* қавл додаанд, ки ба нерӯҳои мо ҳамла нахоҳанд кард, аммо ҳеҷ яке аз шартҳои дигарро пурра риоя накарданд.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Имрон Хон: Давлати Ғанӣ назди мардум маҳбубият надошт
"Ман бисёре аз сарбозонамро талаф додам. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин “Толибон”*-ро созмони террористӣ мешуморад ва робитаи ин ҷунбиш бо “ал-Қоида” идома дорад”,-афзуд ӯ.
Марк Миллӣ гуфт: "Хатои бузургтарини мо он буд, ки ба ҷои сохтани артиши Афғонистон ба техникаи ҷангӣ такя кардем."
Қаблан сухангӯи “Толибон”* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз адами ҳузури аъзои гурӯҳи террористии “ал-Қоида” дар Афғонистон хабар дода буд.
"Нигаронӣ аз ҳузури “ал-Қоида” дар Афғонистон афзоиш меёбад. Ин хабарҳо табиати таблиғотӣ доранд. Мо дар Афғонистон касеро надидаем, ки узви “ал-Қоида” бошад. Иморати Исломӣ (давлати “Толибон”*) дар ин бора ба Амрико ваъда додааст. Тибқи ин уҳдадориҳо, мо намегузорем, ки касе аз қаламрави Афғонистон барои таҳдиди дигарон истифода кунад”,-гуфт Муҷоҳид.
Мохаммад Сохайль Шахин пресс-секретарь политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Шоҳин, намояндаи "Толибон"* дар СММ умедвор аст, ки ба зудӣ корро оғоз мекунад
Дар моҳи сентябр Хадамоти иктишофии ИМА ҳушдор дода буданд, ки “ал-Қоида” метавонад қаламрави Афғонистонро барои ҳамла ба Иёлоти Муттаҳида истифода кунад ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ин муҳлатро боз ҳам кӯтоҳтар кардааст.
Дар навбати худ "Толибон" қавл дод, ки робита бо “ал-Қоида”-ро қатъ мекунад ва Афғонистонро ба макони амн барои гурӯҳҳои террористӣ табдил намедиҳад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала