Гузеева бо коронавирус дар шифохона бистарӣ шудааст

Актриса Лариса Гузеева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Ҳунарпешаи шинохтаи Русия ва барандаи телевизион аз бемории коронавирус табобат мегирад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Лариса Гузеева, ки барномаи машҳури "Биё хонадор мешавем" - "Давай поженимся" - ро дар шабакаи аввали телевизиони Русия барандагӣ мекунад, гирифтори коронавирус шудааст. Дар ин бора худи ҳунарпеша дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.

"Ҳамеша фикр мекардам, ки саломатӣ ин масъалаи хусусӣ аст. Ман ба ин вабо гирифтор шудам, касе эмин нест аз ин беморӣ. Табобат гирифта истодаам", - навиштааст барандаи телевизион.

Ӯ хоҳиш кардааст, ки бо зангҳо ӯ ва наздиконашро ташвиш надиҳанд, чун тавре худаш эътироф кардааст, аз ин беморӣ тарс дорад.
Бори аввал дар мавриди бемории ҳунарпеша нашрияи "Комсомольская правда" бо такя ба манобеяш хабар дод.
Производство вакцины от COVID-19 на фармацевтическом заводе Биннофарм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фавт аз коронавирус дар Русия тайи ду рӯзи ахир рекордӣ шуд
Ба иттилои шабакаи Telegram-ии Mash, Гузеева дар шифохонаи "Коммунарка" бо сармозадагӣ ва нишонаҳои аввали осеби гурда бистарӣ шудааст, ки раванди муолиҷаро мушкил мекунад.
Ба иттилои тасдиқношуда, вазъи ҳунарпеша миёна арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала