Мақомоти Суғд: 43 ҳазор нафар муроҷиат кард, 20 ҳазораш бо кор таъмин шуд

Рабочие во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси Суғд дар ҷаласаи вакилони вилоят дар мавриди таъмини сокинон бо ҷои кор гузориш дод
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ноиби раиси Суғд мегӯяд, давоми соли 2020 ба сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 ҳазору 74 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.
"Дар натиҷа дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 20 ҳазору 287 нафари бекор бо ҷои кор таъмин шуданд, ки танҳо аз ҳисоби вакансияҳо 17 ҳазору 790 нафарро ташкил медиҳад",-гузориш дод Яъқубӣ.
Ужесточение карантинного режима  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
ИДМ бозори муштараки меҳнат таъсис медиҳад
Зикр шудааст, ки ҳамчунин 1721 шаҳрванд тавассути квота бо кор таъмин гардида, ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкории хурд ва таъмин шудан бо ҷои кор ба 776 нафари бекор ба маблағи 2 миллиону 394,8 ҳазор сомонӣ барои тиҷорат қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Аз ҷумла, дар ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ низ ба 227 нафар ба маблағи 696,4 ҳазор сомонӣ чунин қарз дода шудааст, афзудааст ноиби раиси Суғд.
Инчунин таъкид шудаст, ки соли 2020 аз буҷаи барномаи мазкур ба 3 ҳазору 413 нафар бекор ба маблағи 1 миллиону 611,9 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст.
Мақомот гуфтанд, татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала