Зиндонӣ шудани як соҳибкор барои напардохтани андоз дар Леваканд

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Оҷонсии зидди фасод дар шаҳри Левакандро эълон намуд, ки як соҳибкор барои фаъолияти ғайриқонунӣ ҳукм ба зиндон гирифтааст
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз ҳабси як сокини Леваканд хабар дод, ки дар пардохт накардани андоз муттаҳам дониста мешавад.
Дафтари матбуотии ин ниҳод эълон кардааст, ки Амиршоев А.С. соли 2019 ҳамроҳ бо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҶДММ "Леваканд"-ро ташкил намуда, давоми як сол ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудааст.
Номбурда аз моҳи май то моҳи декабри соли 2019 ба маблағи 36 885 726 сомонӣ молу маҳсулоти сохтмонию ниёзи мардумро аз ҷумҳуриҳои Чину Эрон тавассути дидбонгоҳи "Терминал"-и шаҳри Душанбе ворид намуда, андозҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми 1 465 908 сомониро пардохт накардааст.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ожонси зидди фасод дар Суғд боздошти корманди қалбакияшро шарҳ дод: аз сокинон пул гирифт
Ба ин хотир додситонии шаҳри Левакант алайҳи номбурда бо моддаҳои 260, қисми 1 ва 292, қисми 1, Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, ба додгоҳи шаҳри Левакант барои баррасӣ намудан ирсол намудааст.
Зимнан додгоҳи сайёри шаҳри Леваканд номбурдаро аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳрум ва ба се соли зиндон маҳкум кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала