Ихитроъкори 14-солаи трактори ҳамакор дар миёни ғолибони озмуни вилоятии Суғд

© акс аз бойгонии Дилшодҷон ОйматовДилшодҷон Ойматов, хонандаи синфи 8 - уми муассисаи давлатии литсейи шаҳри Панҷакент бо трактори хурди ихтироъкардааш
Дилшодҷон Ойматов, хонандаи синфи 8 - уми муассисаи давлатии литсейи шаҳри  Панҷакент бо трактори хурди ихтироъкардааш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Дилшодҷон Ойматов, хонандаи синфи 8-уми муассисаи давлатии литсейи шаҳри Панҷакент дар миёни ғолибони даври вилоятии озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки беш аз 300 нафар аз хонандагони дабистонҳо аз 18 шаҳру ноҳияи шимоли кишвар баргузор шудааст.
Ба иттилои баргузоркунандагони ин озмун, тайи он Ойматов Дилшодҷон Одилович трактори хурди ихтироъкардаашро ба намоиш гузошта, дар миёни ғолибон ҷой гирифтааст.
Зикр шудааст, ки Ойматов Дилшодҷони 14-сола, зодаи деҳаи Кабудсанг, собиқ Кӯктоши ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд буда, ҳоло таҳсилашро дар муассисаи давлатии литсейи шаҳри Панҷакент давом дода истодааст.
Исломҷон Ҷалилов, навраси ихтироъкори тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Ихтирои аҷиби навраси 16 - сола дар Хатлон: худ ҳаракат мекунаду алла мехонад - навор
Ӯ дар шарҳи ихтирои трактораш изҳор доштааст, ки ҳамасола оилааш барои омода сохтани замини кишт, коридан ва ҷамъоварии ҳосил хароҷоти хеле зиёд мекард.

"Ният кардам, воситае ихтироъ намоям, ки хароҷоти моро кам кунад ва фоидаи бештар оварад. Ҳамин тавр ин минитрактор сохта шуд",-гуфтааст Дилшодҷон Ойматов.

Барои сохтани ин трактори хурд тақрибан 35 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ шуда, аз он мешавад дар 14 навъ кори кишоварзӣ истифода кард. Манбаъ афзуд, ки трактор дорои таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла дастгоҳи ҳамворкунӣ, чизел барои нарм кардани замин, сартиракгирак, сихмола, ҷӯягирак, фреза ё таҷҳизоти резакунӣ, чимзанак, дастгоҳи шоликорӣ ва шудгоркунӣ, картошканӣ ва ғайра мебошад.
Инчунин трактори хурд дорои бордон буда, тавони бурдани то 500 кило борро дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала