Имрон Хон: Давлати Ғанӣ назди мардум маҳбубият надошт

© POOL / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Пакистана Имран Хан
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Нахуствазири Покистон дар гуфтугӯ бо як расонаи амрикоӣ ҳукумати Ашраф Ғаниро “нотавон ва фосид” хонда гуфтааст, ки барои вазъияти пешомада дар Афғонистон набояд Покистон муқассир дониста шавад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзномаи “Washington Post” гуфтааст, ки Покистон муқассири суқути артиши Афғонистон ва давлати Ашраф Ғанӣ нест, балки сабаби асосии ба миён омадани вазъи кунунӣ худи ҳукумати Ашраф Ғанӣ буд, ки назди мардуми оддӣ маҳбубият надошт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон
Дар ҳамин ҳол Имрон Хон ҳукумати Ашраф Ғаниро як ҳукумати "фосид ва нотавон" хонда афзуд, ки Покистон механизми муштараки назорати марз, аз ҷумла контроли биометрӣ ва ҳисоркашии марзҳоро пешниҳод кард, ки аз сӯйи давлати Афғонистон рад шуд.
Имрон Хон инчунин изҳор дошт, гурӯҳҳое, ки ба Покистон таҳдид мекарданд ва аз он ҷо фирор карда, ба Афғонистон ворид шуда буданд, аз ҷониби хадамоти иктишофии Ҳинду Афғонистон маблағгузорӣ шуда, ҳамлаҳои бештаре алайҳи Покистонро оғоз кардаанд.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Имрон Хон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост аз давлати ҷадиди Афғонистон ҳимоят кунанд
Ба гуфтаи ӯ, пас аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ Амрико Афғонистонро тарк ва алайҳи Покистон таҳрим ҷорӣ карду беш аз 4 миллион паноҳандаи афғон дар Покистон аз ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Афғонистон паноҳ бурданд
“Толибон аз ин халои амниятӣ берун омаданд ва бисёре аз онҳо дар урдӯгоҳҳои муҳоҷирони афғон дар Покистон мутавалид шуда ва таҳсил карда буданд”,-таъкид кард нахуствазири Покистон.

"Имрӯз, вақте ки Афғонистон дар чорроҳа қарор дорад, мо бояд ба ояндаи ин кишвар назар кунем, то аз хушунатҳои оянда пешгирӣ намоем",-гуфт Хон.

Аз сӯйи дигар вай илова кард, ки ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳукумати “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мувофиқ аст.
Имрон Хон изҳор дошт, ки Афғонистон дигар ҷаҳонро таҳдид намекунад; ҷое, ки афғонистониҳо саранҷом метавонанд пас аз чаҳор даҳа даргирӣ орзуи сулҳро дошта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0