КҲФ аз хокбод, барфи тар ва борони шадид дар Суғд ҳушдор дод

Борон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Аз 1 то 4 октябр ҳавои Тоҷикистон ноустувор хоҳад шуд. Ҳавошиносон вазиши боди шадид, боридани барфи тар дар ноҳияҳои кӯҳистон ва боришоти сахт дар вилояти Суғдро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки давоми чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, муддати 24 соати оянда дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ хокбод боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, рӯзҳои 1-2 октябр дар қаламрави ин вилоят боди шадид бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад, ки ин боиси хокбориш хоҳад гашт.
Духтари дучархарон ҳангоми хокбориш дар Пекин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Хокбориш дар Пекин: эълони хатар - акс
Ҳамзамон, рӯзи 3 октябр дар қаламрави баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани шадид дар назар аст.
Дар идома КҲФ зикр намуд, ки рӯзҳои 3-4 октябр дар ноҳияҳои кӯҳистон боронҳои шадид ба барфи тар табдил мешаванд.
Дар ҳамин иртибот,Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ба хотири бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ, ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала