Роҳи Хоруғ қисман барои ду рӯз масдуд мешавад

© Sputnik / Нозим КаландаровПост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Роҳи маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисман барои ду рӯз баста хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз муваққатан масдуд шудани роҳи шаҳри Хоруғ хабар доданд, иттилоъ медиҳад раёсати БДА-и Тоҷикистон.
Бинобар иттилои ин ниҳод, рӯзҳои 29 ва 30-юм сентябр қисман роҳ дар маркази ВМКБ барои ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт баста мешавад.
Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” аз ҷониби раисҷумҳур
Манбаъ омили асосии масдуд шудани роҳро ба сафари кории раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа рабт додааст.

"Роҳҳо дар маркази Хоруғ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт рӯзи чоршанбе ва панҷшанбе барои як муддати муайян баста мешаванд",-гуфтанд дар вазорат.

Мақомоти ВМКБ аз соҳибони мошинҳои маҳаллӣ дархост намудаанд, ки давоми ин ду рӯз, ба ҳадди имкон аз истифодаи мошин худдорӣ кунанд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ВМКБ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала