Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бо тими Ветнам рақобат мекунанд

© Pixabay Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё - 2022 дар гурӯҳи "В" барои тими Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шоми 29 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бонувони футболбози тоҷик бо тими Ветнам вориди майдони рақобат мешаванд.
Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозии даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё - 2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Ветнам хоҳад буд.
Махмаджон Хабибуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба фаъолияти мураббигияш дар футбол нуқта мегузорад
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "В" бар дастаи мунтахаби занонаи Малдив ғолиб баромад. Бонувони футболбози тоҷик тими Малдивро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуданд.
Дар ин сабқати ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро Лайло Ҳалимова, Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба дарвозаи рақиб ворид ва пирӯзии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро таъмин карданд.
Лентаи хабарҳо
0