Нокаут дар даври аввал: шикасти размкори тоҷик аз рақиби русаш - видео

Зӯрозмоии варзишкорон аз Тоҷикистон ва Русия дар даври аввал анҷом ёфт
Дар Қазон марҳилаи интихобии мусобиқаи байналмилалии "Муҳорибаҳо аз рӯи қоидаҳои TNA" баргузор шуданд. Дар мусобиқа, ки танҳо ҳунарҳои зарбазанӣ иҷозат аст, дар марҳилаи чорякниҳоӣ намояндагони Тоҷикистон, Русия, Молдова, Бразилия ва Туркия зӯрозмоӣ карданд.
Намояндаи Тоҷикистон Амирхон Зоҳидов бо рақибаш аз Русия, Вадим Давидов вориди майдон шуд.
Дар даври аввал размкори Русия мавқеи рақибашро танг карда, бо як зарба ба ҷигари рақибаш ӯро аз пой афтонд.
Маврид ба зикр аст, ик тарҳи "Муҳорибаҳо аз рӯи қоидаҳои TNA" аз соли 2009 мақоми байналмилалӣ гирифта, ба он варзишкорон аз тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала