Обуҳавошиносон: Дар Душанбе ҳавои гарму чангу ғубор боқӣ мемонад

© Sputnik Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст, аммо дар пойтахт чангу ғубор боқӣ мемонаду рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳои ин вилоят гармии он шабона 10-15 ва рӯзона 25-30 дараҷа гуфта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Аммо чангу ғубор дар ин вилоят боқӣ хоҳад мемонад. Ҳаво дар водиҳои ин вилоят шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа гармӣ мерасад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала