Раҳмон гуфт, камбизоатӣ дар ВМКБ беш аз се баробар коҳиш ёфтааст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон прибыл с рабочим визитом в ГБАО
Эмомали Рахмон прибыл с рабочим визитом в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши беш аз себаробарии камбизоатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дод
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ изҳор дошт, ки соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ҳудуди 97 дарсадро ташкил дод.

"Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад", - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ афзуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир бомаром афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 21 баробар ва ба ҳар як нафар аҳолӣ 97 баробар афзудааст.
Таъкид шудааст, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то ҳол 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Тавсифи модари дарвозӣ аз Эмомалӣ Раҳмон: "Аз миёни президентҳо хушрӯтаринед" - видео
Раисиҷумҳур илова намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.
Инчунин аз Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025 зикр шуд, ки дар доираи он амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала