Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Раиси Донишгоҳи Кобул гуфт, занон дар хона бимонанд: Зан модар, хоҳар ва ҳамсар аст

© Twitter / @MAshrafGhairatМохаммад Ашраф Гайрат
Мохаммад Ашраф Гайрат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Раиси Донишгоҳи Кобул зимни такзиби гузориши “The New York Times” дар бораи маҳрумияти занон аз таҳсил гуфт: "Занон то фароҳам шудани шароит дар хона бимонанд"
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Муҳаммад Ашраф Ғайрат, раиси Донишгоҳи Кобул гуфт, ки рӯзномаи “The New York Times” суханони ӯро нодуруст тафсир кардааст ва афзуд, занон то замоне ки шароит фароҳам шавад, бояд дар хона бимонанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

"То замоне ки шароити исломӣ дар донишгоҳ ҳукмфармо нест, беҳтар аст, ки занон дар хона бимонанд",-афзуд раиси Донишгоҳи Кобул.

Вай инчунин дар твитҳои дигар навишт, ки зан модар аст, зан хоҳар аст, зан ҳамсар аст.
“Мо хоҳарони худро эҳтиром мекунем ва уҳдадорем, ки тамоми ҳуқуқи онҳоро дар доираи ислом таъмин кунем”,-гуфт ӯ.
Ёдрас менамоем, қаблан рӯзномаи “The New York Times” навишта буд, ки раиси нави Донишгоҳи Кобул маҳдудиятҳо дар нисбати занонро боз ҳам шадидтар карда, гуфтааст, ки занон ба уновони устод ё донишҷӯй аз ҳаққи кору таҳсил дар ин донишгоҳ маҳрум хоҳанд буд.
Расонаҳои амрикоӣ иддао доранд, ки "Толибон" ҳангоми ба қудрат расидан ваъда дода буданд, ки бар ҳуқуқи занон эҳтиром хоҳанд кард. Аммо ахиран раҳбарони “Толибон”* як кобинаеро муаррифӣ кард, ки дар он зане ҳам дида намешавад. Ҳамчунин ҳукумати нав ба далели нигарониҳои амниятӣ бозгашти занонро ба кор манъ кард.
Беспилотник MQ-1B Predator с ракетой Hellfire, архивное фото
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
Ду ҳафта пеш “Толибон”* Муҳаммад Ашраф Ғайрати 34-соларо раиси Донишгоҳи Кобул таъйин кард.
“The New York Times” навишта буд, ки ҳафтаи гузашта иттифоқи омӯзгорони Афғонистон ба нишони эътироз ба ин таъйинот ба ҳукумати муваққатии “Толибон”* нома фиристоданд, ки ин қарорашро бекор намояд.
Аммо дар мусоҳиба бо рӯзномаи амрикоӣ оқои Ғайрат нигарониҳо дар бораи таъйин шуданашро рад кард ва гуфт: "Ман ҳанӯз оғоз накардаам. Онҳо аз куҷо медонанд, ки ман мувофиқат мекунам ё на? Иҷоза диҳед, замон қазоват кунад".
Лентаи хабарҳо
0