Дастури раиси Душанбе барои захира кардани картошка, сабзӣ ва орд барои зимистон

© Пресс-служба мэрии ДушанбеПредседатель Собрания народных депутатов города Душанбе Рустам Эмомали
Председатель Собрания народных депутатов города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи вакилони халқи пойтахт, масъалаи омодагӣ ба зимистони ояндаро ба миён гузоштааст
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе масъулинро вазифадор намудаст, ки барои омода кардани дегхонаҳои марказҳои барқу гармидиҳӣ ва шабакаҳои гармидиҳанда чораандешӣ намоянд.
Аз ҷумла барои омода намудани биною иншоот барои қабули энергияи гармӣ ва додани шиносномаи қабули энергияи гармӣ, аз таъмир баровардани зеристгоҳҳои барқӣ ва иваз намудани таҷҳизоту хатҳои барқии фарсуда супориш дода шудааст.
Рустами Эмомалӣ хостори захира намудани сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, маводҳои зиддилағжиш, омода намудани нақлиётҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, техникаву механизмҳои коммуналӣ барои тоза кардани роҳҳо дар фасли сармо шудааст.
В Худжанде состоялась рабочая встреча руководителя Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан Абдулмаджида Муминзода и заместителя председателя Согдийской области Анвара Якуби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Мансабдорон аз соҳибкорон хостанд, нархи ордро боло набаранд
Ӯ муҳим хондааст, ки ба миқдори зарурӣ маҳсулоти ниёзи аввалия, бахусус орд, сабзӣ, картошка ва дигар маҳсулот чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Масъалаи таъмири роҳҳою таъмини пардоохти андоз аз масоили дигари ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи Душанбе будаанд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомлӣ барои аз байн бурдани бақияпулиҳои андоз, баланд бардоштани дониши андозӣ ва фарҳангии андозсупорандагон, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ дар мақомоти андоз ва кам намудани санҷишҳои бемаврид дастур додааст.
Лентаи хабарҳо
0