Сурайё Қосимова аз хушбахтии худ, хоксории Шабнаму Фарзона ва иштибоҳи мақомот гуфт

© Аз саҳифаи Сурайё Қосимова дар ИнстаграмҲунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Сурайё Қосимова мегӯяд, давоми беш аз 50 сол, ки рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад, боре ҳам музд талаб накардааст
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Примадоннаи тоҷик, сарояндаи маҳбуб Сурайё Қосимова дар барномаи "Нерӯи зан" аз зиндагии худу фарзандони ҳунармандаш ҳикоят ва асли қазияи ҷарима шуданашро ифшо кард.
Ба нақли хонум Сурайё, рӯзи сароянда ба мисли дигар модарону ҳамсарони тоҷик аз омода намудани субҳона оғоз мешавад.
Дар идома ӯ аз ҳалимию оромтабиат будани ҳамсари ҷавонаш гуфт ва қайд намуд, ки бениҳоят хушбахт аст, ҳамчунин ба тамоми занҳои Тоҷикистон хушбахтӣ таманно мекунад.
Пулод Шаропов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2020
"Ҳаёти ман аст": ҳамсари ҷавони Сурайё Қосимова аз мардум хост, ӯро ба ҳолаш гузоранд
Ин бонуи ҳунар вақте вориди саҳнаи театр ва сурудхонӣ шуд, ки 13 сол дошт. Ӯ мегӯяд, волидонаш ҳеҷ гоҳ муқобили овозхонияш набуданд ва модараш танҳо аз ӯ хушрафторию хоксорӣ талаб мекард.
Сурайё мегӯяд, фарзандони худро низ айнан дар ҳамин рӯҳия тарбият ва хоксориро аз онҳо талаб кардааст.
"Шукр мекунам, ки Шабнам, Фарзона бисёр духтарҳои меҳрубон ва хоксор ҳастанд".
Дар идома хонум Сурайё аз ҷаримаи 15-ҳазорсомонӣ дар нисбаташ гуфт, ки ба даъвои Оҷонсии зидди фасод муваззаф ба пардохти он шуда буд.
Ба иддаои ин оҷонсӣ, Қосимова дар шаҳри Кӯлоб, ҳарчанд зиндагӣ намекунад ҳам, аз идораи фарҳанги ин шаҳр ҳар моҳ маош мегирад.
Юлдуз Усмонова ва Шабнам Сурайё дар Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Рақси ҷаззоби Шабнаму Юлдуз дар Варзоб - видео
Худи сароянда ин қазияро чунин шарҳ дод, ки ӯ чанд сол пеш ба иллати маризӣ аризаи бо хоҳиши худ аз кор рафтанро навишта буд.
"Аз рӯи ҳурмату эҳтиром маро ҳамчун узв ба он ҷо гузаронданд, гоҳе мерафтаму гоҳе не. Маош ночиз буд, ҳамагӣ 1200 сомонӣ".
Вале ин бонуи ҳунар дар як сол кам андар кам 20 барномаро дар шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлон гузарондааст. Ӯ мегӯяд, тамоми масорифи ин барномаҳоро аз ҳисоби худаш пардохт кардааст.

"Вақте ҳисоб карданд, баромадҳои ман дар як сол дастикам 110 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд, ки ин маблағ пурра аз ҳисоби ман буд",-бо табассум тавзеҳ додааст Сурайё Қосимова.

Ӯ мегӯяд, тамоми масориф ва барномаҳои бузургро ба хотири хидмати содиқона ба халқу Ватан анҷом медиҳад.
Ӯ ин қазияро иштибоҳ хонд ва қайд намуд, ки барои рух додани чунин ҳолати ногувор аз ӯ узрпурсӣ намуданд.
Ҳоло ин бонуи ҳунар аз пайи идомаи фаъолияти ҳунарии худ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0